- ду
- [دو]шумораи миқдорӣ адади 2: ду баробар, ду кас, ҳар ду, ду-се сол, як-ду кило; ду-ду дунафарӣ, дукасӣ; ду ним кардан // ду тақсим кардан ба ду ҳисса ҷудо кардан (одатан баробар); аз ду сар дар ҳар сурат, албатта, ҳатман; ду пули пучак маблағи ниҳоят кам, пули ночиз; ду пойро ба як мӯза карда исроркорона, бо исрор; бо ду дасти адаб бо камоли эҳтиром, иззату ҳурматро ба ҷо оварда; дили касеро ду ним кардан ниг. дил; ду чашмро чор кардан (дар роҳи касе) сахт интизор шудан (омадани касеро), чашм ба роҳи касе будан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.